Таҳлили вазъи бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Таҳлили вазъи бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Июн 01
10:42 2020

Имрӯз, 1 июни соли равон дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлили вазъи бемории КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода,  Шодихон Ҷамшед, сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли ҷорӣ зимни вохурӣ бо кормандону роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ пешниҳод намуданд, ҷалб намуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои назорати беморони гирифтори КОВИД-19, пурзӯр намудани фаъолияти шабонарӯзии марказҳои саломатӣ, таъмини беморхонаҳо  бо маводҳои доруворӣ ва назорати қатъии тақсимоти маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сардорони хадамот ва раёсатҳои зерсохтори вазоарт дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,036
  • 1,242
  • 950,056