ХУШХАБАР: Муассисаҳои тандурустии мамлакат ба фаъолияти кории муқаррарӣ бармегарданд

ХУШХАБАР: Муассисаҳои тандурустии мамлакат ба фаъолияти кории муқаррарӣ бармегарданд
Июн 02
11:45 2020

Таи чанд рӯз аст, ки дар саросари мамлакат ба  фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  як муддати муайян дар онҳо беморони каронавируси нави КОВИД-19 табобат мегирифтанд, идома дорад.

Аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории каронавируси нави КОВИД-19  машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар қисме аз муассисаҳои болозикр  бо истифода аз маводҳои махсуси тиббӣ корҳои безараргардонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, дар қисми дигарашон корҳои безараргардонӣ  идома доранд.

Ба иқрори мутахассисони соҳа, давоми рўзҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст.

Бояд қайд намуд, ки  рӯзҳои 28 ва 30-юми майи соли равон ду муассисаи тандурустии шаҳри Ваҳдат, ки дар онҳо низ як муддати муайян беморони каронавируси нави КОВИД-19 ба муоинаву табобат фаро гирифта шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 672
  • 1,242
  • 949,692