Таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба муайян намудани сабаб ва оқибатҳои бемории КОВИД-19

Таъсиси гурӯҳи корӣ вобаста ба муайян намудани сабаб ва оқибатҳои бемории КОВИД-19
Июн 02
16:20 2020

Бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли равон баён намуданд, имрӯз, 2 июни соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода вобаста ба таъсис додани  гурӯҳи корӣ ҷиҳати муайян намудани сабаб ва оқибатҳои бемории коронавируси нави КОВИД-19 ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо аз Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муассисаҳои давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Институти физикаю техника ба номи  С.У. Умаров, Институти химия ба номи В.И. Никитин, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитология ба номи Е.Н. Павловский, Маркази инноватсионӣ оид ба маводи табиӣ ва дигарон   иштирок намуданд.

Ҳадаф аз таъсис додани гурӯҳи корӣ муайян намудани оқибатҳои бемории коронавируси нави КОВИД-19 ва барои амалияи тиббӣ пешниҳод намудани тавсияҳо мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 917
  • 1,242
  • 949,937