Муовини якуми вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Шаҳринав шинос шуд

Муовини якуми вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Июн 02
18:04 2020

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 2 июни соли равон  муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав сафар намуда, бо фаъолияти  Маркази саломатӣ ва Беморхонаи минтақавии деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур шинос шуд.

Зимни боздид муовини якуми вазир бо фаъолияти шабонаи марказҳои саломатӣ шинос шуда, оид ба рафъи мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 973
  • 1,242
  • 949,993