Дар саросари мамлакат ба ҳолати муқаррарии корӣ баргардонидани муассисаҳои тандурустӣ идома дорад.
Дар доираи ин иқдом Муассисаи давлатии Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб баъд аз рухсат шудани гумонбарони сирояти коронавируси нави КОВИД-19 барои ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргаштан омода мешавад.
Дар ҳамин ҳол Хайриддин Раҷабов, сардухтури беморхонаи мазкур мегуяд: “Мо дар ду давра беморонро ба табобат фаро гирифтем, ки зиёда аз 60 нафар кормандон ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуданд. Тайи 2 рӯз аст, ки дар муассисаи мо корҳои безарагардонӣ гузаронида шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд”.
Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморон ҷудо гардида буданд, ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар қисме аз муассисаҳои болозикр бо истифода аз маводҳои махсуси тиббӣ корҳои безараргардонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, дар қисми дигарашон корҳои безараргардонӣ идома доранд.
Ба иқрори мутахассисони соҳа, давоми рўзҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории КОВИД -19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 28 ва 30-юми майи соли равон ду муассисаи тандурустии шаҳри Ваҳдат, ки дар онҳо низ як муддати муайян беморони каронавируси нави КОВИД-19 ба муоинаву табобат фаро гирифта шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.