ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Июн 05
08:11 2020

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии табибон ва беморони мубталои COVID-19 аз тарафи Хадамоти Оғохон  оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон ба беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва навоҳии Рашт ёрии хайриявӣ расонда шуд.
Бо мақсади пешгирӣ ва муолиҷаи  бемории мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист» бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамот як қатор маводи зарурӣ, аз қабили 1050 хилъати муҳофизатии тиббӣ, 8050 ниқоби тиббӣ, 7000 дастпӯшаки тиббӣ, 3500 кг хокаи хлор, 700 литр маҳлули спиртии тиббӣ, 14 ҳароратсанҷи фосилавӣ, 350 – то ҳароратсанҷи симобӣ, 210 ҷуфт мӯзаи резинӣ, 210 айнаки муҳофизатӣ, 70 либоси муҳофизатии махсуси тиббӣ, 70 дорупошак ва 350 бастаи рахти хобро ба маблағи 614 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии  шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш расонд.
Иқдоми мазкурро кормандони муассисаҳои тиббӣ хуш истиқбол намуда,  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Швейтсария изҳори миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти Оғохон  оид ба тандурустӣ дар Тоҷикистон яке аз агентиҳоест, ки равандҳои тандурустии шабакаҳои Бунёди Оғохонро дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 12
  • 989
  • 1,242
  • 950,009