Таҷҳизоти ҳароратсанҷи фосилавӣ (ИК), маводҳои ҳифзкунанда ва пешгирикунандаи COVID-19, ки аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида, ҳамзамон, ба воситаи Ташкилоти ҷамъияти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим карда мешаванд, марҳила ба марҳила ба раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии мамлакат дастрас мегарданд.
Бояд гуфт, ки маводҳои зикршуда аз либосҳои муҳофизатӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, сипари муҳофизатӣ (Шит), ҳароратсанҷи фосилавӣ (ИК), Ниқоби намуди FFP2/N95 иборат мебошанд.
Имрӯз, 5 июн як миқдор таҷҳизот ва маводҳои зикршуда ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тибии шаҳрии №1 ба номи К.Ахмедов, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона ва ба як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе тақсим карда шуданд.