Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат таҷҳизот ва маводи тиббӣ дастрас карда шуд

Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат таҷҳизот ва маводи тиббӣ дастрас карда шуд
Июн 06
11:59 2020

Мавод ва таҷҳизоти тиббии аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида, ки ба воситаи Ташкилоти ҷамъияти хайриявии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд, марҳила ба марҳила ба раёсатҳо ва муассисаҳои тандурустии мамлакат  дастрас мегарданд.

Бо ин мақсад имрӯз, 6 июни соли равон ба Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат аз ҳасоби кӯмакҳои макзур 600 адад либоси муҳофизатӣ, 30 адад айни муҳофизатӣ, 10 адад ҳароратсанди фосилавӣ, 500 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва 400 адад сипари муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки тақсимоти таҷҳизот ва маводҳои тиббии аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид гардида ба  муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760