Июн 06
13:21
2020
Таҷҳизот ва маводҳои тиббие, ки аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида ҷиҳати пешгирии бемории КОВИД-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тибқи талабот ба муассисаҳои тандурустии мамлакат тақсим карда мешаванд.
Бо ин мақсад ба Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, Беморхонаи марказӣ ва КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ як миқдор маводҳои муҳофизатие, ки ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф) ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дастрас гардонида шуданд.
м