Назорати муассисаҳои хизматрасонӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ

Назорати муассисаҳои хизматрасонӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ
Июн 08
13:06 2020

Тавре қаблан иттилоъ додем, 6 июни соли ҷорӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Ҷиҳати омодагии муассисаҳои хизматрасонӣ, аз он ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо, инчунин, фурудгоҳҳо ва роҳи оҳан ҳангоми сабук кардани чораҳои карантинӣ  ва риояи ҳатмии қойдаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла пўшидани ниқоб, риояи масофаи байни ҳамдигарӣ, ҳамзамон, дар даромадгоҳҳо санҷидани ҳарорати бадан ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобан мониторинг гузаронида шуд.

Муайян гардид, ки новобаста ба он, ки дар аксар даромадгоҳҳои марказҳои хизматрасонӣ маҳлулҳои безараргардонӣ гузошта шуда, ҳамзамон ҳарорати бадани  шаҳрвандон бо ҳароратсанҷи фосилавӣ санҷида мешавад, аммо дар бархе муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулини муассисаҳои хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 23
  • 760
  • 1,242
  • 949,780