Имрӯз, 9 июни соли равон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи корӣ оид ба андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави КОВИД-19 баргузор гардид.
Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории КОВИД -19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.