Имрӯз, 9 июни соли равон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тибби кишвари Полша, ки шоми 6 июн ба Тоҷикистон омаданд, ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо мутахассисони беморхонаи мазкур вохӯрӣ намуданд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дирӯз, 8 июни соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи калони табибони Полша вохурӣ намуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Полша ёдовар шуда, ташрифи табибони ин кишварро ба мамлакат идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони Полша ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута тамоми талош ва кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии бемории вируси нави COVID-19 равона карда истодаанд, то ҳарчӣ зудтар пеши роҳи он гирифта шавад.