Дар «Шифобахш» корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд

Дар «Шифобахш» корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд
Июн 09
17:16 2020

Дар саросари мамлакат ба ҳолати муқаррарии корӣ баргардонидани  муассисаҳои тандурустӣ идома дорад.

Аз ҷумла имрӯз, 9 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷиҳати омодагӣ ба фаъолияти кории муқаррарӣ корҳои безараргардонӣ  гузаронида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки як муддати муайян ба муоинаву муолиҷаи беморон ҷудо гардида буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар қисме аз муассисаҳои болозикр  бо истифода аз маводҳои махсуси тиббӣ корҳои безараргардонӣ пурра ба анҷом расонида шуда, дар қисми дигарашон корҳои безараргардонӣ  идома доранд.

Ба иқрори мутахассисони соҳа, давоми рўзҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст.

Бояд қайд намуд, ки  рӯзҳои 28 ва 30-юми майи соли равон ду муассисаи тандурустии шаҳри Ваҳдат, ки дар онҳо низ як муддати муайян беморони каронавируси нави КОВИД-19 ба муоинаву табобат фаро гирифта шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ва пурра ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи авҷи сироятёбии сокинон ба бемории кираонавируси нави КОВИД-19 паси сар шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 982
  • 1,242
  • 950,002