Дабири кулли СУТ: Хавфи имрӯза бепарвоӣ ва аз даст додани ҳушёрӣ аст

Дабири кулли СУТ: Хавфи имрӯза бепарвоӣ ва аз даст додани ҳушёрӣ аст
Июн 10
06:49 2020

Ҳарчанд вазъият дар Аврупо рӯ ба беҳбудӣ овардааст,  аммо дар миқёси ҷаҳонӣ  ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тасдиқ шудааст, ки дар як шабонарӯзи охир шумораи сироятшудагони нави  COVID-19 ба нуқтаи баландтарин расидааст. Созмони Умумуҷаҳонии Тандурустӣ аз давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо давъват ба амал овардааст, ки дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла  ҳангоми ҳамоишҳои эътирозӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд ва эҳтиёткор бошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти  иттилоотии СММ.  

Тавре Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар брифинги Женева гуфт, 8 июн наздики ҳафт миллион ҳолати сирояти COVID-19 тасдиқ гашта, тақрибан 400 000 нафар  фавтидаанд. Дирӯз ба СУТ хабар омад, ки тӯли як шабонарӯз 136 ҳазор нафар гирифтори  бемории COVID-19 гаштаанд, ҳарчанд ки дар давоми даҳ рӯзи охир теъдоди ҳаррӯзаи беморони нав  100 000  нафарро ташкил медиҳад. Аммо  ин нишондиҳандаи баландтарин аст. Ҳамзамон,  аз 136 ҳазор 75 фоизи он танҳо ба даҳ кишвар, асосан Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рост меояд. Ҳамчунин дар як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ  низ теъдоди мубталоёни ин беморӣ меафзояд.

Дар мавриди Африка гуфтан ҷоиз аст, ки дар кишварҳои зиёд вирус паҳншаивиро идома дода, минтақаҳои навро «аз худ мекунад». Бо вуҷуди ин, теъдоди  ҳолатҳои беморӣ  аз 1000 зиёд нест.

«Ҳарчанд дар Аврупо беҳтаршавии вазъият дида мешавад, дар миқёси ҷаҳонӣ  ҳолати бад ҳанӯз ҳам  идома дорад. Ба гуфти ӯ равандҳои мусбӣ  баъзе кишварҳоро  умедвор мекунад, ки беморӣ  нобуд шудааст,  аммо онҳо набояд фориғбол бошанд. Доктор Тедрос инчунин огоҳ намуд: «Имрӯз таҳдиди бузургтарин бепарвоӣ мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам аксарияти  аҳолӣ  метавонанд мубталои сироят гарданд».

Ӯ таъкид  намуд, ки  барои  пешгирии бозгашти вирус назорати  ҷиддӣ бурдан лозим аст. Дар шароити имрӯза  ин бахусус муҳим аст, зеро дар баъзе кишварҳо намоишҳои оммавиии гуногун  оғоз ёфтаанд.

Роҳбари  СУТ эътирозҳоро нисбати худсарии полис, ки дар ИМА сар зада, ба кишварҳои  дигар паҳн шудааст,  ёдовар гашт. Ӯ дар ин маврид чунин гуфт: «СУТ комилан ҷонибдори баробарҳуқуқӣ ва зидди нажодпарастӣ аст. Мо танҳо тавсия медиҳем, ки иштирокчиёни тазоҳурот худро аз хавфи сироят ҳимоя намоянд. Агар қадре имкон бошад, аз ҳамдигар масофа гирифта,  ба рӯй ниқоб кашед,  дастонро тоза нигоҳ доред ва ҳангоми сулфа даҳонро бо оринҷ пӯшед.

Раиси СУТ  изҳор намуд, ки шахсони бемор ба  хона духтур  даъват намуда, худ берун нараванд. Ҳукуматдорон низ набояд бепарво бошанд, тадбирҳои асосиро, ки ба паҳншавии  COVID-19 монеъ мешаванд, фаромӯш насозанд. Яъне, шахсони сироятшударо муайян намуда, онҳоро аз дигарон ҷудо созанд ва  ба табобат пардозанд, ҳамчунин одамони бо онҳо иртиботдоштаро низ дарёфта ба карантин фаро гиранд.

Дар акс: роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Тедрос Гебрейесус. Акс аз СММ /Елма Окик

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740