Июн 10
09:19
2020
Имрӯз, 10 июни соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу вохурӣ намуд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19-ро баррасӣ намуданд.
Хонум Сезин Синаноғлу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар навбати худ ҷиҳати расонидани кӯмак оид ба пешгирии бемории мазкур ҳавасмандии хешро иброз намуд.