Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19
Июн 10
09:34 2020

9 июн бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 дар назди раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Абдулло Раҳмонзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ҷаласа  Абдулло Раҳмонзода ҷиҳати анҷом додани корҳои назарраси Ташкилот дар давраи пандемия, ташаббусу иқдомҳои волонтёронро дар роҳи мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус, ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводҳои видеоӣ, намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ ва таҳияи маводҳои тавсиявиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла номбурда  фаъолияти густурдаи Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19- ро дар давраи ҳассос саривақтӣ ҳисобида, барои пешбурди ин кор ба ҳайати волонтёрони Ташкилот изҳори сипос гуфт.

Қобили қайд аст, ки «Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19 дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода (барои минтақаи Ҳисор) ва дар ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт) фаъолият намуда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иҷтимоии яквақтаина расонад. Ҳоло Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон фаъолияти худро дар шаҳрҳои Москва, Краснодар, Новосбирск, Йошкар – Ола, Белгород, Пенза ва Красноярски Федератсияи Россия низ дар заминаи маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба роҳ монда,  аъзоёни маҳфил ба он ҷалб карда шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936