«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти ин шиор соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони ноҳияи Мастчоҳ кумак расонид

«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти ин шиор соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони ноҳияи Мастчоҳ кумак расонид
Июн 13
13:21 2020

Субҳи имрӯз аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми неку башардӯстона таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитари ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобу айнакҳои махсуси тиббӣ дастрас ва тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномоаи «Нигоҳи халқ».

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, 50 адад либосҳои муҳофизатии тиббӣ, 55 адад ниқобҳои махсус ва ҳамчунин ниқобу айнакҳои тиббӣ аз номи ин соҳибкор ба табибони ноҳяи тақдим гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров аз ин иқдоми соҳибкори худшиносу ватандӯст истиқбол намуда, онро пайравии шоиста ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми башардӯстона ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шакли маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра кумак расонид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 737
  • 1,242
  • 949,757