Июн 16
14:22
2020
Ба реҷаи умумии корӣ баргаштани муассисаҳои тиббие, ки муваққатан барои бистарӣ намудани гумонбарони COVID-19 омода шуда буданд, идома дорад.
Аз ҷумла, Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб пас аз безарар гардонидан ва гирифтани санади мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шурӯъ аз 15 июни соли равон ба реҷаи умумии кори ҳаррӯза баргардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дигар муассисаҳои тандурустии мамлакат, ки барои бистарӣ намудани гумонбарони COVID-19 омода шуда буданд, баъди анҷом додани корҳои безараргардонӣ низ ба реҷаи умумии корӣ баргардонида хоҳанд шуд.