COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 142 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 142 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд
Июн 17
08:58 2020

Ба ҳолати 17 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 8,2 миллион шуда, зиёда аз 446 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи охирин маълумоти СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 142 557 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 6 592 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 8 263 724 буда, теъдоди фавтидагон 446 122 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 март СУТ хуруҷи сирояти коронавируси нави COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,139
  • 1,242
  • 950,159