COVID-19. Ситоди ҷумҳуриявӣ ба гузаронидани туйи хонадоршавӣ, парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод

COVID-19. Ситоди ҷумҳуриявӣ ба гузаронидани туйи хонадоршавӣ, парвозҳои байналмилалӣ ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат дод
Июн 17
13:25 2020

Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа вазъи тадбирҳои вобаста пешгирӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар қаламрави мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.

Бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 қарор қабул намуд, ки тибқи ин он аз 20-уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.

Ҳамчунин тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои анҷоми парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дода мешавад ва мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.

Дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳамчунин парвозҳои транзитӣ ва чартерӣ барои интиқоли молу маҳсулот тариқи хатсайрҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Федератсияи Россия, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳамчунин аъзои ситодро вазифадор намуд, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ ва пайваста анҷом додани корҳои безараргардонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Акс аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,072
  • 1,242
  • 950,092