Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишномаҳоро ба тасвиб расонд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор созишномаҳоро ба тасвиб расонд
Июн 17
13:42 2020

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои марбут ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ, оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром, муовини якуми вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳури Тоҷикистон Муҳсинзода Муҳсин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, вакилони Маҷлиси намояндагон Неъматулло Холбойзода, Бахтиёр Аҳмадзода, Рустам Қудратов, Гулбаҳор Назирӣ, Гулбаҳор Ашурзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Равшан Раҷабзода  баромад намуда, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои ба лоиҳаҳои Қонунҳо воридгардида таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Сипас, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 906
  • 1,242
  • 949,926