Имрӯз, 17 июн дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти раёсати раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раъно Ҳошимзода иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва фаъолон ҳузур доштанд.
Пас садо додани Суруди миллӣ, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома иҷлосия ба кори худ шурӯъ кард.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, таҳти рақами 368 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ҳисоботро пешниҳоди вакилони мардумӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 368 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», қарори Раиси вилояти Суғд аз 2 сентябри соли 2010, №307 тадбирҳо андешида, бо ин мақсад қарори раиси шаҳр аз 24 феврали соли 2011, № 48 ба тасвиб расида, тибқи он корҳо ҷараён дорад.
Раванди ҷудо намудани маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қарор дошта, сол то сол афзуда истодааст. Аз ҷумла соли 2020 барои соҳаи тандурустӣ беш аз 11 миллиону 279 ҳазору 458 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин нисбати соли 2010-ум 8 миллиону 766 ҳазору 83 сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, мавсуф оид ба нишондиҳандаҳои Стратегия ва ноил гардидан ба дастовардҳо, ҷой доштани бархе аз норасогиҳо ибрози назар намуд.
Баҳри то охири сол бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда роҳбари шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи рӯзнома дар кори иҷлосия инчунин рафти иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ, хоҷагии рифоҳӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, қарорҳои раиси шаҳри Бӯстон тасдиқ карда шуд.
Дар интиҳо роҳбари шаҳр ба масъулин ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати робита бо мардум ва дигар тадбирҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосия ба кори худ хотима бахшид.