Июн 17
17:33
2020
Имрӯз, 17 июни соли равон бо ташаббус ва дархости кишвари Италия дар мавзӯъи “Дарсҳои андӯхта ва таҷрибаи пешқадам дар стратегияи мубориза бо COVID 19” видеоконфронс доир гардид.
Дар кори видеоконфронс муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, аз ҷониби кишвари Италия профессор, мушовири вазири тандурустӣ бар зидди COVID-19 ва намояндаи Италия дар Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиёни видеоконфронс масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони кронавируси нави COVID-19 баррасӣ намуданд.