Рисолати ҳамшираи тиб

Рисолати ҳамшираи тиб
Июн 18
09:50 2020

 Соли 2020-Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ

 Ҳамшираи  тиб  – пойи равони беморон, чашмони нобиноён, дастёри атфол, роҳнамои модарон, асои пирон, мададрасони оҷизон, забони ашхоси нотавоне, ки маҷоли сухан гуфтан надоранд, мебошад.

Вирҷиния Хиндерсон

Воқеан, кори  ҳамширагӣ ҷанбаҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ ва иҷтимоии ҳаётро то андозае, ки онҳо ба саломатӣ, пайдоиши беморӣ, корношоямӣ ва марг таъсир мерасонанд, дар бар мегирад. Чунин ёрӣ аз ҷониби ҳамшираҳои тиб ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустӣ  пешниҳод карда мешавад.  Рисолати ҳамшираи тиб ин аст, ки  ба нафарони хоҳ бемор ва хоҳ солим дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмак расонад. Дар баробари  ин, ҳамшираи тиб кӯшиш менамояд, то ки бемор ҳарчӣ зудтар  саломатиашро барқарор намуда, ба   муҳити оилаи хеш солим баргардад.  Доираи васеи вазифаҳои ба ӯҳдаи ҳамшираҳо вогузошта талаб мекунанд, ки онҳо омилҳои ба саломатӣ таъсиррасонанда, сабабҳои беморӣ, табобат ва тавонбахшии беморон  ва  муҳит, ки дар шароити он ёрии тиббӣ амалӣ мегардад, ба хуби  дарк намоянд.

Бояд гуфт, ки кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и муассисаи мазкур дар соли таҳсили 2019 -2020  як қатор  чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки  ҳадаф ва мақсади онҳо баланд бардоштани савияи донишу малакаҳои амалии донишҷўён ва дар ин замина баланд бардоштани ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиб (маҳфилҳои илмӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.) мусоидат менамоянд, ғанӣ гардонидани раванди таълим бо натиҷаҳои тадқиқоти илмии навтарин, омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ, корҳои тарбиявию ахлоқӣ ва идеологӣ-сиёсӣ дар байни донишҷўёну омўзгорон, корҳои табобатӣ ва баланд бардоштани тахассуснокии омўзгорони кафедра мебошад.

Дар кафедраи мазкур ҷараëни таълим мунтазам бо истифода аз навигариҳои муосири тиб ва услубҳои нави муосири таълим  сурат мегирад. Услубҳои интерактивии таълим, ки дар кафедра мавриди истифодабарӣ қарор доранд, амалӣ гардонида мешаванд.

Кафедраи «Кори ҳамширагӣ» баҳри беҳтар намудани самаранокии таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин машғулиятҳои таълимӣ, коркард ва истифодабарии услубҳои муосири машғулиятгузарониро васеъ ба роҳ мондааст. Инчунин, баҳри аз наздик шинос шудан бо рафти иҷрои малакаҳои амалӣ бо иштироки донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамшираҳои коллеҷ дар шӯъбаҳо машғулиятҳои клиникӣ гузаронида мешаванд. Бахшида ба элон гаштани соли 2020  ҳамчун Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ аз тарафи кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  конфронси илмӣ – адабӣ дар мавзӯъи “Касби ман ифтихори ман ”  бо иштироки собиқадорони соҳа гузаронида шуд, ки дар он як фазои озоду ошкоро байни меҳмонон ва донишҷӯён оид ва баррасии  нозукиҳо  ва бартариҳои касби ҳамширагӣ   ба миён омад.

Маврид ба зикр аст, ки тайи  солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи амалӣ гардидани як қатор барномаҳои миллӣ дар самти ба танзим даровардани сатҳ ва дараҷаи касбии кормандони миёнаи тиббӣ, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони ватанӣ ба низом дароварда шуд. Бояд гуфт, ки ҳадафи қабули барномаву стратегия ва дигар санадҳои дар соҳаи тандурустӣ қабулгардида ташвиқ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад.  Дар воқеъ, агар шароити таълиму омодасозии мутахассисони миёнаи тибро дар кишвар нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем, пешравиҳо дар ин  самт хеле назаррас мебошанд.

Сол аз сол илму техника дар ҷаҳони муосир хеле рушд намуда истодааст ва барои ҳамқадами замон будан ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ  сохтани дониш ва таҷрибаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз  имконоти  мавҷуда самаранок истифода бояд кард.  Пешрафти илму техника моро водор менамояд, ки ҳамқадами замон бошем, технологияи муосири ташхисию табобатиро аз худ намоем, меъëрҳои муосири соҳаи маорифро дар омодасозии мутахассисон ворид намуда, ҳамкориҳоро бо мамлакатҳои пешрафтаи хориҷӣ вусъат бахшем.

Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷиҳати пешрафт ва рушди “Кори ҳамширагӣ” дар мамлакат таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад.  Бо ин мақсад имрӯз дар ҷумҳурии азизамон Маркази ҷумҳуриявии  “Ҳамширагӣ”, Ассотсиатсияи “Ҳамширагӣ ” ва Муассисаи давлатии шифохонаи  парастории ҳамширагӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, ки сарварии ин муассисаҳоро  дастпарварони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” бар  ӯҳда доранд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  ба дониши муҳассилин, махсусан, барои азхуд намудани малакаҳои амалии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир  карда мешавад.

Роҳбарияти “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ” ва ҳайати кормандону омӯзгорони он бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон азм доранд, ки дар беҳтар намудани пояи моддӣ – техникии таълимгоҳ, баланд бардоштани сифати мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи муосир ҷавобгӯ саҳмгузор бошанд.

 

Мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ”-и

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Парвина Қурбонова

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 982
  • 1,242
  • 950,002