COVID-19: Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас шуд

COVID-19: Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас шуд
Июн 18
10:24 2020

Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас гардид. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Президенти мамлакат ташкилотҳои ҳамкор ва соҳибкорони маҳаллӣ чунин кумакҳоро ба беморхонаҳои ноҳия ва беморону табибон дастрас намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» сардухтури  Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насимҷон Шарифов хабар дод.

«Кумакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида, онҳо асосан аз хокаи хлор, гипохлориди натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳои тиббӣ, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандору, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми  Пешвои миллат, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби бемории коронавирус бахшиданд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро ташкил дод. Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад»,-гуфт Насимҷон Шарифов.

Ҳамзамон, соҳибкори ҷамоати деҳоти Ширинчашма Холмурод Мираков, ки айни замон дар  Федератсияи Россия қарор дорад, ба миқдори 100 ҳазор рубли руссӣ маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказӣ кумак кард. Ҳоло дар  беморхонаҳои ноҳияи Тоҷикобод тамоми шароити зарурӣ барои қабули беморони коронавирус муҳайё гардида, беморон ба таври ройгон муолиҷа мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,037
  • 1,242
  • 950,057