COVID-19. Баргузор шудани курсҳои омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ

COVID-19. Баргузор шудани курсҳои омӯзишӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
Июн 18
15:55 2020

Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми авҷи  коронавирус фаро гирифта шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат, ҳадафи асосии омӯзиш мусоидат ба дарёфти маълумоти тоза барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати кор бо аҳолӣ ҳангоми авҷи коронавирус мебошад.

Табиб Самандар Гулшоев дар рафти омӯзиш доир ба моҳияти давраи омӯзишӣ сухан карда, баён намуд, ки   бо сабаби он ки кормандони КҲФ иртиботи мустақим бо қишрҳои мухталифи аҳолӣ доранд, аз ин рӯ онҳо бояд ҳамеша омода бошанд, ки дар авҷи коронавирус худ ва атрофиёнро аз  сироят ҳифз намоянд.

Дар рафти омӯзиш ба иштирокчиён ахбори зарурӣ  дар бораи коронавирус, таърихи он, нишона ва шеваҳои табобат  фаҳмонида шуд. Инчунин  дар бораи чораву тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми тақсими ёриҳои башарӣ ва воситаҳои ҳимояи фардӣ сухан карда шуд.

Иштирокчии омӯзиш Тоҷиддин Раҷабов зикр намуд, ки маълумотҳои пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки  ҳангоми пандемия аз он истифода намоем. Он иттилооте, ки давоми рӯз ба мо пешниҳод шуд ҳамчун  маълумоти иловагӣ ба малакаҳову маҳоратҳои мо зам гардида, дар ҳолатҳои фавқулода  вокуниши моро бештар аз пештар самаровар ва бехатар мегардонад,-гуфт  номбурда.

Курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ гузаронида шуда, бо чунин тартиб баргузор шудани онҳо  дар навоҳии водии  Рашт ва шаҳри Хоруғ низ дар назар аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740