Донишмандони Британия дексаметезонро дар муолиҷаи коронавирус таъсиргузор донистанд

Донишмандони Британия дексаметезонро дар муолиҷаи коронавирус таъсиргузор донистанд
Июн 18
16:15 2020

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки доруи арзону ба ҳамагон дастраси дексаметезон метавонад барои бештари беморони мубтало ба коронавирус, ки ҳоли вазнин доранд, кумак кунад. Ҳатто метавонад онҳоро аз марг наҷот бахшад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин хабарро баъди он эълон кард, ки донишмандони британиёӣ натиҷаи як озмоиши фарогири худро расонаӣ карданд. Тибқи ин таҳқиқот дексаметазон то 33% беморони дар ҳоли маргро аз чанголи коронавирус наҷот дода метавонад.

Ин дору яке аз доруҳои мавҷуд аст, ки  дар талош барои ёфтани дармони корона дар саросари дунё санҷида мешавад, то рушан гардад, ки оё метавонад ба КОВИД-19 таъсири чашмгир дошат бошад. Пажӯҳишгарони Британия гуфтаанд, ки агар ин дору аз оғози густариши коронавирус дар ин кишвар истифода мешуд, мумкин буд ҷони бештар аз 5 ҳазор нафар аз марг наҷот меёфт. Арзонӣ ва фаровонии ин дору бахусус барои кишварҳои фақир, ки бо корона дасту панҷа нарм мекунанд, хеле муфид аст

Таҳқиқот нишон додааст, ки аз ҳар 20 нафаре, ки мубтало ба корона мешаванд, бо истифодаи ин дору 19 нафарашон дармон меёбанд ва як нафар кораш ба бемористон мекашад. Аз онҳое, ки бистарӣ мешаванд, бештарашон беҳбуд меёбанд, аммо бархе ба дастгоҳи нафаси маснуъӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

Дексаметезон бештар ба касоне кумак мекунад, ки дар ҳоли вазнинанд ва метавонад вазъи ҳоли онҳоро беҳтар кунад ва тадриҷан саломатиашонро бозёбанд.

Тедрос Гебрейесус – сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки озмоиши клиникӣ ва натиҷаи бадастомада як пирӯзии илми тиб дар муолиҷаи вируси корона мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 956
  • 1,242
  • 949,976