ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: Таъсиси 99 ҷои кори доимӣ ва муваққатӣ аз ҷониби Агентӣ

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: Таъсиси 99 ҷои кори доимӣ ва муваққатӣ аз ҷониби Агентӣ
Июн 19
12:36 2020

Тазаккур бояд дод, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту  муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон ва умуман, ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номус вазифадор гардиданд, ки барои ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар талош намоянд.

Бо ин мақсад бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ба ҳамин роҳ шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ паст карда шавад.

Дар ин росто, бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи он аз 1 июли соли ҷорӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла иловатан дар 28 шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷорӣ карда мешавад, барои ин шаҳру ноҳияҳо воҳидҳои кории мутахассисони коргузор оид ба кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ҷудо карда шуданд, ки  тариқи шартномаи  (қарордоди) меҳнатӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.

Қайд бояд кард, ки воҳидҳои кории мутахассисони коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ барои 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба шумораи аҳолии ин шаҳру ноҳияҳо муайян карда шудааст.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади қабули кормандон ба ин вазифа ва таъмини шаффофият унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳру ноҳияҳои болозикр барқия ирсол намуда, хоҳиш ба амал овард, ки номзадии довталабонро тариқи алтернативӣ барои таъйин намудан ба ин мансаб ва бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ишғол намудан ба вазифаи мутахассисони коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ номзадии 78 нафар тариқи алтернативӣ пешниҳод карда шуд.

Дар пайваст ба ин, 18 июни соли ҷорӣ бо иштироки Комиссияи доимоамалкунанда таҳти роҳбарии директори Агентии мазкур бо номзадҳои пешниҳодгардида озмун доир карда шуда, боназардошти сатҳу сифати дониш, собиқаи корӣ ва малакаи кор бо технологияи ҳозиразамон 51 нафар кормандон ба вазифаи мутахассиси коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ интихоб гардида, бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста шуда, фаъолият дар ин самт идома дорад.

Қайд бояд кард, ки пардохти тамоми хароҷоти маъмурӣ, аз ҷумла музди меҳнати мутахассиони коргузор оид ба кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ва пешбурди коргузории механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби 3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд ва истифодаи он ба салоҳияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин росто қайд менамоем, ки соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт 3 адад марказҳои минтақавии ҳамоҳангсози кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсис дода шуда, иловатан ҷойҳои нави корӣ ташкил ва 28 нафар шаҳрвандон ба кор қабул гардиданд.

Ҳамзамон, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ва иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020, №05 “Дар бораи бақайдгирии пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” оид ба воридсозии маълумотҳои варақаҳои бақайдгирии шахсони маъюб ба махзани ягонаи электронии маъюбон гурӯҳи техникии дахлдор иборат аз 20 нафар таъсис дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 99 ҷойҳои нави корӣ ташкил намуда, 99 нафар кормандонро бо корӣ доимӣ ва муваққатӣ таъмин намуд.

Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Холзода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 915
  • 1,242
  • 949,935