Июн 20
10:13
2020
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади табодули таҷриба ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони COVID-19 як гурӯҳ табибони Полша дар вилоят Суғд қарор доранд.
Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бо иштироки табибони кишвари Полша ва мутахассисони беморхонаи мазкур тренинг оид ба муайян намудани бемории COVID-19 бо истифода аз УЗИ доир карда шуд.
Дар рафти тренинг табибони Полша ва табибони Беморхонаи мазкур роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, табибони Полша дар Беморхонаи клиникии вилояти Суғд низ бо табибони беморхонаи мазкур вохурӣ намуда, доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ табодули таҷриба намуданд.