Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муассисаҳои тандурустии пойтахт лавозимоту таҷҳизоти нави тиббӣ дастрас гардид

Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муассисаҳои тандурустии пойтахт лавозимоту таҷҳизоти нави тиббӣ дастрас гардид
Июн 22
17:52 2020

Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, махсусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади табобат ва муолиҷаи гирфторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағи беш аз  се милиону нуҳсад ҳазор сомонӣ лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ дастрас гардида, дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захира карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе. 

Мавриди зикр аст, ки аз замони хуруҷи бемории сироятии коронавирусти COVID-19 то имрӯз дар мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, табобат ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти бемориии коронавирус аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз Чин бо маблағи беш 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муосиртарин лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ, инчунин маводи доруворӣ харидорӣ гардида, ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.

 

Аз ҷумла, 200 дона дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (консентратори кислород (10L-OX-10A), ки нақши тавлид кардани ҳавои сунъиро дорад ва барои гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 бениҳоят зарур аст, инчунин 100 адад дастгоҳи ларингоскоп, 160 адад зарфи (баллон) кислороди ғунҷоишаш 40 литр бо таҷҳизоти интиқолдиҳанда, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мурратаб ва бо низом ворид намудани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ дастрас  карда шуд.

Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  барои муолиҷа ва табобати саривақтии бемории сироятии COVID-19 шароит ва имконияти зарурӣ фароҳам оварда шуд.

Лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасгардида дар муассисаҳои табобатии Раёсати  тандурустии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048