Имрӯз, 25 июни соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, бо фаъолияти беморхонаҳои марказии онҳо шинос шуд.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияи болозикр Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо масъулини беморхонаҳои мазкур масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморхонаҳо ва беморон бо маводҳои тиббӣ ва як қатор масъалаҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳову мушкилоти мавҷуда аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти беморхонаҳои зикргардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.