Чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

Чорабинии идона ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ
Июн 25
17:06 2020

Имрӯз, 25 июни соли равон  бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ  дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Гулназар Келдӣ, шоир ва муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  адиби шинохта  Маҷид Салим, сардорон ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабиниро Хушвахт Шарифзода, Сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ва барои давлату миллати тоҷик муқаддас шодбош гуфт.

Ҳамзамон, Хушвахт Шарифзода зимни суханронии хеш  иброз дошт, ки имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ қадам мезананд. “Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистон дар ҷаҳон эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо тоҷикистониён мебошад”,-зикр намуд ӯ.

Шоири шинохта ва ҳамзамон муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар навбати худ иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди кишварро ба ин ҷашни таърихиву тақдирсоз табрику муборакбод намуда,  аз ҷумла иброз дошт, ки  ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва расидан ба ин рӯзҳои хушу хуррам барои давлату миллат ва фарзандони вафодори  миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.

Номбурда аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири Сарвари давлат Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.

Гулназар Келдӣ дар интиҳои суханронии хеш  зикр дошт, ки  Ваҳдати миллӣ  маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва як порчагии марзу буми кишварро ҳифз созад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 917
  • 1,242
  • 949,937