Дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID), санаи 25 июни соли равон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аксияи ташвиқотию тарғиботӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки аксияи мазкур тибқи Нақша-чорабинии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҷавонон бо усули “кӯча ба кӯча” дар бозори маркази ва кӯчаи Исмоили Сомонӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ карда шуда, ҳамарӯза тақвият бахшидп истодаанд.
Дар аксияи мазкур миёни сокинон 130 варақаҳои таблиғотӣ 195 ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.
Дар рафти иқдоми мазкур аз ҷониби масъулин ба сокинон таъкид карда шуд, ки новобаста ба паст шудани хуруҷи коронавирус дар кишвар ҳамаи моро мебояд, ки ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем ва ҷиҳати пешгирии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешем.