Дар чаҳорчубаи иҷро намудани нақша-чорабинии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба таҳкими тадбирҳои зиддиэпидемиологӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз ворид ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъсис додани “Гурӯҳе оид ба анҷом додани амалиётҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва масъалаҳои марбут ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имрӯз, 26 июни соли равон дар меҳмонхонаи “Серена” ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбари Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтигул Карриева, мушовири байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамоҳангсози “Гурӯҳе оид ба анҷом додани амалиётҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва масъалаҳои марбут ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Рамсай Эндрю Роберт иштирок намуданд.
Иштирокчиён натиҷаҳои бадастомада, вазъу ҳолат ва қадамҳои минбаъда вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили амалиётҳои фаврӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.