Ширкати Coca-Cola дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ба вазорат маводҳои безараргардонӣ дастрас намуд

Ширкати Coca-Cola дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ  дар Тоҷикистон ба вазорат маводҳои безараргардонӣ дастрас намуд
Июл 01
10:16 2020

Имрӯз, 1 июли соли равон  Ширкати Coca-Cola  дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои безараргардонӣ, ки барои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ аҳамияти зиёд доранд, тақдим карда шуд.

Бо ин мақсад  имрӯз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода бо  Намояндаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибха Мехта ва Эзел Агаоғлу, менеҷери генералии ширкати Соса-Соlа дар Тоҷикистон вохурӣ намуд.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки  Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти агентиҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба уҳда дорад ва ман мутмаин мебошам, ки ин ҳамкориҳо дар оянда рушд меёбанд.

-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор агентиҳои СММ муносибатҳои тулонии дӯстона дорад, ки яке аз онҳо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон мебошад. Ман шахсан мехоҳам барои дастгирии таъсиси Маркази коммуникатсионӣ ба Шумо бори дигар миннатдорӣ иброз менамоям, зеро ин марказ барои дар сатҳи  зарурӣ ба роҳ мондани кору фаъолияти мунтазами вазорат ва муассисаҳои  зертобеъ хеле мусоидат намуд,-афзуд номбуда.

дар вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро  ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 951
  • 1,242
  • 949,971