Июл 01
14:20
2020
Имрӯз, 1 июли соли равон бо ташаббуси Дафтари минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо видеоконфронс доир гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон иштирок намуданд.
Дар видеоконфронси мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок намуд.
Иштирокчиёни видеоконфронс вазъи бемории мазкурро дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба пешгирии он ва истифодаи усулҳои нави табобати гирифторони бемории мазкур табодули афкор намуданд.