Истеҳсоли маводи доруворӣ дар Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»

Истеҳсоли маводи доруворӣ дар Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»
Июл 03
16:58 2020

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир таълиму тарбия тақозо менамояд, то ки роҳу усулҳои беҳтари таълим таҳия ва барои он шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино аз ҷумлаи донишгоҳҳои бонуфӯзи кишвар ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони сатҳи ҷаҳониро дар соҳаи тандурустӣ тарбия менамояд.

Бояд гуфт, ки барои тарбияи мутахассиси баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҳар муассисаи таълимиро пойгоҳи олии таълимӣ ва таҷрибавию истеҳсолӣ зарур аст. Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино барои донишҷӯён чунин шароит муҳайё карда шудааст.

Бо ин мақсад дар донишгоҳи мазкур дар баробари Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Стоматология», барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ташкил карда шудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар сатҳи таълим, таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Марказ аз шӯъбаи коркард ва майдакунии растаниҳои шифобахш ва борпечкунии маводи доруворӣ, инчунин, шӯъбаи истеҳсоли маводи доруворӣ иборат мебошад. Илова бар ин, маркази мазкур ҳуҷраҳои таълимӣ, таҷрибавӣ ва таҷрибавӣ-истеҳсолие дорад, ки раванди таълимро дар факултети фарматсевтӣ босамар мегардонанд.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз пошхӯрии  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет дар пойгоҳҳои мухталиф сурат мегирифт ва имрӯз бо сабаби боз шудани дари чунин як муассиса – Маркази бонуфузи илмӣ-таълимӣ ва истеҳсолӣ донишҷӯёни факултети мазкур метавонанд мувофиқи нақшаи таҷрибаомӯзӣ фаъолияти худро ҳам дар саҳро ва ҳам дар марказ дар шакли амалӣ сайқал бидиҳанд.

Маркази мазкур дар тӯли фаъолияти хеле кӯтоҳи худ 58 номгӯйи маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш ва дигар доруҳоро тайёр намуд.

Пас аз ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави  СОVID-19  дар Тоҷикистон Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусии факултети фарматсевтӣ коркард ва истеҳсол намудани се навъ маҳлули зиддиуфуниро бо ҳаҷми 100 мл шурӯъ намуд. Навъи якум маҳлули зиддиуфунии «Лавандол» мебошад, ки дар таркиби он равғани хушбӯйи лаванда мавҷуд аст. Навъи дуюм маҳлули зиддиуфунии «Ҳулбу» ном дорад, ки бо равғани пудина омода карда шудааст. Маҳлули сеюм «Глитсин» ном гирифтааст, ки дар таркибаш глитсин ва гидрогени туршшуда дорад. Фарқи маҳлули зиддиуфунии мазкур аз дигар маҳлулҳо дар он аст, ки таркиби он равғанҳои эфирӣ ва гидрогени туршшуда дорад, ки хусусияти зиддиуфунии маҳлулро ба маротиб зиёд намуда, хосияти антиоксидантӣ низ дар он меафзояд ва ҳангоми истифодабарӣ пӯстро хушк намекунад.

Ҳамзамон, дар маркази мазкур шӯъбаи коркард ва майдакунии растаниҳои шифобахш амал мекунад. Гиёҳҳое, ки кормандони марказ ва ё донишҷӯён ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолии саҳроӣ ҷамъ меоранд, дар шуъбаи  мазкур коркард ва хушк карда шуда, дар ду шакл майда карда мешаванд. Шакли майдакунии аввал дурушт буда, шакли дуюм дар осиёб мисли орд майда карда мешавад. Ҳамин тавр, шакли ордкардашудаи гиёҳҳои шифобахш дар дастгоҳи махсуси вазнкунанда дар шакли поло-қоғазхалтачаҳо бастабандӣ ва борпеч карда мешаванд. Қоғазхалтачаҳо ба қуттии махсусе, ки дар он номи маводи доруворӣ ё гиёҳи шифобахш бо се забон ва тамоми маълумотҳои дигари зарурӣ сабт шудааст, борпеч карда мешавад. Маводи дорувории дар поло-қоғазхалтачаҳо тайёршуда барои дар оянда тайёр кардани дамоба ва обҷӯшҳо ба кор бурда мешавад.

Тамоми маводҳои доруворие, ки Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» истеҳсол менамояд, сертификати мутобиқати сифат доранд.

Ҳамзамон, зикр  намудан ба маврид аст, ки дар асоси дархосту фармоиш  маркази мазкур имкон дорад, ки маводи доруворӣ истеҳсол намояд. Бинобар ин, шахсони воқеӣ низ мувофиқи дорухат метавонанд ба он муроҷиат намоянд. Хусусан, Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»  барои тайёр кардани маводи доруӣ дар шакли дамобаву обҷӯш барои беморони диққи нафас, нафастангӣ ва ғайра ихтисос дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»  мутахассисони дараҷаи олӣ ва варзидаву ботаҷриба кору фаъолият мекунанд, ки онҳо метавонанд барои истифодабарӣ ва вояи маводи доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш ва хусусияти онҳо ба хоҳишмандон маслиҳатҳои муфид бидиҳанд.

Директории Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»,  

номзади илмҳои биологӣ, дотсент Гадомад  Раҷабов

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 908
  • 1,242
  • 949,928