Ҳайати кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар вилояти Хатлон қарор дорад.
Имрӯз, 4 июли соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти якчанд муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб дидан намуда, бо масъулин масъалаҳои ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ ва зиддивурусӣ, назорати амбулатории беморон ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки боздиди ҳайати кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулини вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошад.