Дандонро чӣ гуна бояд солим нигоҳ дошт?

Дандонро чӣ гуна бояд солим нигоҳ дошт?
Июл 07
09:19 2020

Сабаби асосии ба дарди дандон гирифтор шудан- ин риоя накадани беҳдошти ковокии даҳон мебошад.  Он  ғизое, ки истеъмол ва хамирае, ки барои шустани дандонҳо истифода бурда мешаванд, бояд аз рӯи таъйиноти мутахассис бошанд. Агар беҳдошти ковокии даҳон хуб бошад ва шахс ғизоҳои сервитамин истеъмол намояд,  дандонҳои ӯ камтар ба бемориҳо гирифтор шуда, талаф намеёбанд.

Таҳлилҳо муайян кардаанд, ки солҳои охир занҳои ҳомила бештар ба дарди дандон гирифтор мешаванд ва ё  онҳое, ки  то давраи ҳомиладорӣ аллакай чанд дандони онҳо талаф ёфтаанд. Ин аз норасоии витамин  сар мезанад. Ғизоеро, ки модар истеъмол мекунад, кӯдаки дар батн буда витаминҳои онро ба худ ҷаббида мегирад. Дар натиҷаи  норасоии витаминҳо дандонҳо оҳиста-оҳиста ба шикастан ва оризаҳои  дандон дучор мешаванд.

Тибқи хулосаҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, баъзе бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  зардпарвин (гепатит), ВНМО (ВИЧ/СПИД)  дар ҷараёни  табобати дандон низ метавонанд ба шахси солим гузаранд.

Бо  мақсади солим нигоҳ доштани беморон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми стандартҳоеро, ки асбоби бисёркаратаро безарар мегардонанд, омӯхта ва истифода менамоянд. Ин асбобҳо пас аз истифода  дар қоғазҳои махсус ва индикаторҳо гузошта шуда, дар ҳарорати муайяншуда безарар гардонида мешаванд. Дар тамоми давлатҳои пешрафта чунин корҳо ба роҳ монда шудаанд.  Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки сирояти бемориҳои ВНМО ва  зардпарвин тавассути табобати дандон  дар кишвар хеле кам ба назар мерасанд. Инчунин,  дар ин самт  дар пажӯҳишгоҳи мазкур тамоми ҳамшираҳои тиббӣ  аз омӯзиши махсус  гузашта,  онҳо тарзи дурусти безараргардонии асбоби бисёркарата ва эҳтиёт намудан аз бемориҳои гуногунро омӯхтанд.

Ҷиҳати солим нигоҳ доштани дандонҳои хеш бояд пеш аз ҳама ба хамираи дандоншӯӣ диққати махсус дод. Зеро, таркиби хамираҳои дандоншӯӣ аз якчанд микроэлементҳо: калсий, фосфор, магний, фтор ва оҳан иборат мебошад. Инҳо барои пешгирии бемориҳои дандон, аз ҷумла кариес саҳми назаррас доранд.  Инчунин, баъзе хамираҳо  аз алафҳои шифобахш омода шудаанд ба монанди «Лесной балзам». Ин хамира аз гиёҳҳои шифобахш омода шуда, барои милки дандон фоидаи зиёд дорад. Ин метавонад газаки дандонро гирифта, хунравии онро бозмедорад. Ҳамзамон, парадон- бофтаҳои пайвасткунандаи атрофи решаро кам кунад. Вале, ин хамира бемории кариесро  пешгирӣ карда наметавонад. Зеро дар таркиби он калсий, оҳан ва фосфор мавҷуд нест. Дар таркиби хамираи «Колгейт»  калсий мавҷуд аст. Аз ин рӯ гирифторони бемориҳои дандон метавонанд саҳар аз хамираи «Лесной балзам» ва шом аз хамираи «Колгейт» ва ё ин ки дигар хамирае, ки дорои микроэлементҳо мебошанд, истифода кунанд.

Инчунин, мо бояд ба чуткаҳои дандоншӯӣ ва шустани дандон диққати махсус диҳем. Бояд гуфт, ки дар 1 милиграмм чирки дандон беш аз 1 миллион микроб ҷойгиранд, ки онҳоро танҳо дар зери микроскоп дидан мумкин аст. Дар  ҳолати тоза нашустани дандон микроб ва санге, ки дар дандон мавҷуд аст, оҳиста- оҳиста бофтаҳои атрофи дандонро нобуд карда, онро ба беҷошавӣ оварда мерасонад.

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй»-и

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Акс аз moh.tj)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 904
  • 1,242
  • 949,924