ВМКБ: Боздиди Гурӯҳи корӣ аз Беморхонаи вилоятӣ

ВМКБ: Боздиди Гурӯҳи корӣ аз Беморхонаи вилоятӣ
Июл 07
15:22 2020

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз 1 то 6 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) қарор дошт.

Дар баробари боздид аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят, Гурӯҳи корӣ инчунин аз рафти табобат ва захираи маводи доруворӣ ва шароити буду боши маризон дар беморхонаи вилоятӣ шинос шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол миқдори муайяни доруворӣ ва ниқобу дигар эҳтиёҷоти зарурии тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захира шуда, дар ин самт табибони вилоят мушкилоти ҷиддӣ надоранд.

Гурўҳи корӣ зимни боздид аз ин муассисаи тиббӣ аз анборхонаи захираи маводи дорувории он дидан карда, ба табибон изҳори сипосу минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати заҳматҳои шабонарӯзиашон дар пешгирии бемории сироятии коронавируси нави «COVID-19» расонд.

Таъкид шуд, ки дар давраи пандемия дар беморхонаи вилоятӣ 1 ҳазору 63 нафар ба табобат фаро гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафар бинобар сабаби доштани бемориҳои ҳамрадиф аз олам чашм пўшиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз беморхонаи тибби Оғохон низ боздид ба амал овард. Тазаккур дода шуд, ки дар рўзҳои душвор кормандони ин шифохонаи сатҳи байналмилалӣ дар қатори беморхонаи вилоятӣ ба муолиҷаи маризони «COVID-19» сару кор гирифта, аз 16 майи соли ҷорӣ то ба имрўз 116 беморони «COVID-19»-ро табобат карданд. Айни ҳол 7 нафар зери назорати табибони ин даргоҳ қарор доранд, ки рўзҳои наздик баъди пурра муолиҷа шудан аз беморхона ҷавоб хоҳанд ёфт.

Гурўҳи корӣ изҳори сипосу миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллатро ба ҳайати бисёрнафараи кормандони ин беморхонаи зебою замонавӣ расонид, ки дар рўзҳои мушкил худро дар канор нагирифта, баҳри дармону даво бахшидани маризони сироятӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 24
  • 1,013
  • 1,242
  • 950,033