Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ
Июл 07
18:25 2020

Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 ва дар ин замина пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ҷиҳати пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ чорабиниҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ пурзӯр карда мешаванд.

Аз ҷумла, имрӯз, 7 июли соли равон аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Ҳисор дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри мазкур корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ ба шахсоне, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, нисбат ба хатарҳои бемории COVID-19  иттилоъ дода шуда, ҳамзамон, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо тозагӣ, пӯшидани ниқоб ва фосилаи иҷтимоиро  қатъиян риоя намоянд.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид  аст, ки аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ  дар байни аҳолӣ  ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ пайваста корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,121
  • 1,242
  • 950,141