COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 208 ҳазор нафар зиёд гардида, ба 12 миллион наздик шуд

COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 208 ҳазор нафар зиёд гардида, ба 12 миллион наздик шуд
Июл 08
10:35 2020

Ба ҳолати соати 10:00-и 8 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон ба 12 миллион нафар наздик шуда, зиёда аз 546 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 6,9 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 208 087 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 515 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 954 944 нафар ва теъдоди фавтидагон 546 720 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 902 360 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 097 084 нафар), Бразилия (1 674 655), Ҳиндустон (743 481), Россия (694 230), Перу (309 278), Чили (301 019), Испания (299 210), Британияи Кабир (286 349), Мексика (268 008) ва Эрон (245 688) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз UN/Evan Schneider

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 965
  • 1,242
  • 949,985