ҶДММ «Вежа фарм» дар давраи паҳншавии COVID-19 маводи дорувории воридивазкунанда истеҳсол намуд

ҶДММ «Вежа фарм» дар давраи паҳншавии COVID-19 маводи дорувории воридивазкунанда истеҳсол намуд
Июл 09
12:32 2020

Дар нимсолаи аввали соли 2020 корхонаи дорубарории «Вежа фарм» дар маҷмӯъ 3285 ҳазор флакон «глюкоза», «натрий хлорид», «левофлаксатсин» ва маҳлули «рингер»-ро истеҳсол ва дар давраи афзоиши паҳншавии коронавируси навъи «COVID-19» ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи дорубарорӣ соли 2015 ҳамчун ҶДММ «Вежа фармасевтикал» дар иқтидорҳои бекорхобидаи ҶСП «Фарфор»-и шаҳри Турсунзода бо ҷалби зиёда аз 30 млн. сомонӣ қарзҳои бонкӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Биною иншооти барои корхонаи дорубарорӣ пешбинигардида ба таври замонавӣ таъмир карда шуда, таҷҳизоти муосири технологии дорубарорӣ аз ҷумҳуриҳои Украина ва Чин харид, ворид ва васлу насб карда шуданд.

Дар корхонаи мазкур истеҳсоли зиёда аз 15 намуд маводи доруворӣ аз қабили моеъҳои «новокаин», «рингер», «натрий хлорид» 200, 250 млг. «глюкоза» 200, 250 млг., «трисол» 200, 250 млг., «манит» аз 100 то 500 млг., «метронидазол» аз 100 то 500 млг. «реоплиглюкин» аз 200 то 500 млг. ба роҳ монда шуда, имкон фароҳам омад, ки корхона солона дар ҳаҷми то 10 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Моҳи марти соли 2020 бо сабаби паҳн гардидани пандемияи коронавируси навъи «COVID-19» ва дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона аз тарафи соҳибкорони ватанӣ харид шуда, пас аз таъмири ҷорӣ ва барқарор намудани системаи электронии идоранамоии раванди истеҳсолот ҳамчун ҶДММ «Вежа фарм» ба фаъолияти истеҳсолии муназзам шурӯъ намуд.

Муттасадиёни корхонаи навтаъсис бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар як муддати кутоҳ тамоми система ва хатҳои технологии корхонаро ба кор андохтанд.

Ба иттилои манбаъ, масъулини корхона мақсад дорад, ки бо таъмин намудани бозори дохилӣ дар оянда маҳсулоти худро ба давлатҳои хориҷи наздик содирот намояд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли равон хати технологии истеҳсоли доруворӣ дар намуди ампула ворид ва васлу насб карда шавад. Дар ин қатор ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳудуди корхона хати истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ бо назардошти талаботи стандатрҳои байналмилалӣ то охири ҳамин сол мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар айни замон шумораи коргарон 103 нафарро ташкил медиҳанд ва бо ба кор андохтани ду хати нави истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 200 нафар расонида хоҳад шуд.

Ҳамзамон мутасаддиён тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ хати истеҳсолоти маҳсулоти гуногунро барои кӯдакони ширхор ба роҳ монда, омӯзиши бозори дохилӣ ва минтақаро баҳри истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти соҳавии воридотивазкунанда тақвият бахшанд. Дар ин самт низ корҳои омодагӣ идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939