Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар мамлакат табибони ҷавон низ дар пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 саҳми бориз гузошта истодаанд.
Қаҳрамони мо аслан асабшинос аст, аммо имрӯз дар қатори садҳо табибони кишвар ба муқобили бемории COVID-19 мубориза бурда, ба табобати мардум машғул мебошад. То дирӯз мардум дар симои ӯ шояд як табиби оддиро медиданд, вале имрӯз ӯро ҳамагон наҷотбахши ҳаёти худ медонанд ва дар ҳар як тавсияи додаи ӯ шифои худро меҷӯянд. Ин бонуи ҷавон Усайнова Мадина, табиб, асабшиноси маркази саломатии ноҳияи Шуғнон аст. Фаъолияти худро ҳамчун духтур баъд аз хатми донишгоҳ дар маркази саломатии ноҳияи мазкур оғоз намудааст.
Тавре номбурда мегӯяд, вақте вориди беморхона мегардам, кӯшиш менамоям, ки ҳарчи бештар бо беморон дар робита бошам ва аз вазъи саломатии онҳо бохабар шавам. Пурра фикру хайёл ва вақтамро ба беморонам мебахшам. Ин худ гувоҳи он аст, ки барои аксари духтурон саломатии дигарон мавқеъи асосӣ дорад ва муҳимтарин дастоварди кории табибон шифо ёфтани бемор аст.
Ӯ мегуяд, боиси хушҳолист, ки дар беморхонаи мо шумораи шифоёфтагон ба тадриҷ зиёд гардида истодаасту фавт тамоман ба қайд гирифта нашудааст. Барои мо аз ин дида чизи муҳимтар вуҷуд надорад.
– Яке аз мушкилоти ҷомеаи мо он аст, ки мардум ба ҳар гуна ҳангомаҳо зуд бовар намуда, дар таҳлука меафтанд. Аммо набояд чунин кард. Асоси пешгирӣ аз ин намуди беморӣ ин риояи гигиенаи шахсӣ аст. Дар рафти табобати беморон мо мушоҳида намудем, ки бештари маризонро мардон ташкил менамоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардон бештар ба воҳима ва ҳангома дучор мегарданд. Ман ҳамчун табиб ба тамоми аҳолии кишвари азизамон тавсия медиҳам, ки ба ҳар гуна воҳимаву сафсата бовар накунанд ва ба оянда бо умед назар намоянд, зеро вақте бемор ба зиндагӣ умед дорад, зиндагӣ ҳатман ба ӯ дасти ёрӣ дароз менамояд,-чунин мегуяд ин табиби ҷавон ва умедбахш.