11 987 нафар табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ омӯзонида шуданд

11 987  нафар табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ  омӯзонида шуданд
Июл 13
09:36 2020

Давоми нимсолаи  якуми соли 2020 бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, марказҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои байниноҳиявӣ 395 нафар кормандони тиб (41 нафар табиб ва 354 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуданд. Инчунин, давраҳои такмили ихтисосро аз рӯи барномаҳои “Масъалаҳои муҳими кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”, “Масъалаҳои муҳими тибби оилавӣ”, “Масъалаҳои муҳими бемориҳои кӯдакона”, “Назорат ва нигоҳубини кӯдакон ва наврасон” ва “Нигоҳубин ва назорати ҳомиладории физиологӣ”-ро 387 нафар мутахассисони тибби оилавӣ, аз он ҷумла 134  нафар табибон ва 253 нафар кормандони миёнаи тиб  карданд.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ то имрӯз шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар ҷумҳурӣ 4 283 нафар ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ 7704  нафарро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои КАТС бо иштироки сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ 110 адад протоколҳои клиникӣ таҳия гардида, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2020, №456 тасдиқ карда шуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим дар заминаи Шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавии ноҳияи Рашт “Маркази худомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ” таъсис дода шуд, ки бо таҷҳизотҳои муосири телекоммуникатсионӣ, компютерӣ, чопӣ, маҷмуаҳои таълимӣ ва адабиётҳои тахассусӣ ҷиҳозонида шуда, аз ҷониби омӯзгорон даврҳои омӯзишии фосилавӣ бо мутахассисони шабакаҳои муассисаҳои КАТС-и минтақаи Рашт гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,107
  • 1,242
  • 950,127