COVID-19. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Файзобод қарор дорад

COVID-19. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар ноҳияи Файзобод қарор дорад
Июл 15
15:14 2020

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода  аз 11 то 20 июл дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо доир менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре масъулин иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Файзобод   бо  ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус  хуруҷи мавҷи дуюмбораи COVID-19,  табобати беморон,  бунёди беморхонаи сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш,  таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ, тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлӣ ва президентӣ аз ҷониби аҳолӣ шинос шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин оид ба рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои иҷтимоии ноҳияи Файзобод супоришҳои мухахасс дод.

 

Номбурда  зимни ин вохӯриву суҳбатҳо  таъкид намуд, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди  гирифторшавӣ  ба бемории сироятии  COVID-19 коҳиш ёфта бошад ҳам, ин набояд боиси фориғболиву беэътиноии шаҳрвандон  гардад.

«Дар бисёре аз кишварҳо, ки сатҳи гирифториашон аз ин беморӣ хеле коҳиш ёфта буд, мавҷи дуюм, хуруҷи нави гирифторӣ ба ин беморӣ мушоҳида гардида, аз ҷониби баъзе давлатҳо чораҳои нави фаврӣ ба муқобили пешгирии он андешида мешаванд. Эмин мондан аз ин таҳдид аз масъулиятнокии ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки баҳри сироят наёфтан ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии он гигиенаи шахсӣ, қойидаҳои беҳдоштро  риоя намуда, дар ин давраи басо ҳассос тибқи тавсияи  мутахассисон рафтор кунем ва саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоем», — афзуд Ширин Исматуллозода.

Ёдовар мешавем, ки  гурӯҳи мазкур рӯзҳои қаблӣ аз шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзобу Шаҳринав дидан намуд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, гурўҳи мазкур таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҳамчунин аз 1 то 6 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) қарор дошт. Ба ҳайати гурўҳи корӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дигар шомил гардидаанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,242
  • 949,703