Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи вазорат

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи вазорат
Июл 17
17:44 2020

Имрӯз, 17 июли соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратро оғоз бахшида, вобаста ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 мухтасар суханронӣ намуд.

Пасон, оид ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 баҳри иҷрои чорабиниҳои Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси нақшаҳои корӣ дар самти рушди хизматрасониҳои тиббӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ фаъолият намуда, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Мавриди зикр аст, ки вобаста ба вуқӯъ пайвастани вазъияти ноороми паҳншавии пандемияи сирояти коронавирус дар миқёси ҷаҳонӣ ва зарурати вусъат бахшидани чорабиниҳои табобатию пешгирикунанда барои муҳофизати аҳолии ҷумҳурӣ ва бо назардошти сар задани вазъияти фавқулодда аз тарафи вазорат дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди кишвар чораҳои таъҷилӣ барои пешгирии паҳншавии ин вирус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда истодаанд.

Дар ин раванд 20 майи соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо боздид аз шароити Беморхонаи муваққатӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъсис ёфтааст ва аз беморхонаи сайёри дорои 144 контейнери махсуси тиббӣ якҷо бо таҷҳизоти махсуси нафасдиҳии сунъӣ, ки дар варзишгоҳи «Бофанда» ташкил шудааст, боздид намуданд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе васлу насби таҷҳизот ба анҷом расида, корҳои чароғонсозӣ ва мумфаршкунии гирду атрофи муассиса  пурра ба итмом расонида шуд. Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки он ҳам ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 нафар табибон ва кормандони тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

Бо мақсади қадр кардани хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин вазъият хизматҳои шоён ба анҷом расонидаанд, ҳуҷҷатҳои 64 нафар табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва кормандони техникӣ ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда, ҷиҳати сарфароз гардонидани кормандони соҳа бо мукофотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуҷҷатҳои 82 нафар кормандони соҳа “Аълочии ҳифзи иҷтимоӣ”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд.

Бо аттестатсияи навбатии кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон дар умум 190 нафар табибон, дар вилояти Суғд 720 нафар табибон, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 165 нафар табибон ва 565 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд.

Дар самти рушди захираҳои кадрӣ ва тайёр намудани мутахассисон бо мақсади иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат дар самти роҳандозӣ намудани чораҳои судманд ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва меҳнатдӯст ва андешидани чораҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ теъдоди умумии донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ба 1469 нафар баробар гардида, фаъолияти муолиҷавии кормандони он дар ин давра таҳким ёфта, дар давоми 6 моҳи соли 2020 дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҳамагӣ ба 3 304 нафар беморон ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст.

Соли ҷорӣ Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”-ро 1493 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 59 нафар бо дипломи аъло, 123 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 153 нафар бакалаврҳои тиб мебошанд. Дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ ҳамагӣ 351 нафар шунавандагон аз давраҳои такмили ихтисоси педагогӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва инчунин курсҳои ихтисосгирии аввалия гузаштанд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва шуъбаҳои он дар 6 моҳи соли ҷорӣ 1460 нафар шунавандагон (709 нафар табибон ва 751 нафар кормандони миёнаи тиббӣ) таҳсил намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” гирандагони дипломҳои аъло нисбати соли гузашта хеле зиёд шудааст, агар дар соли 2019 – 130 нафар бошад, дар ҳамин давраи соли 2020 – 250 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар заминаи марказҳои таълимию клиникии тибби оилавӣ 395 нафар кормандони тиб (41 нафар табиб ва 354 нафар корманди миёнаи тиб) давраи бозомӯзиро аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ хатм намуданд.

Дар маҷмӯъ айни ҳол шумораи табибони оилавии омӯзонидашуда дар ҷумҳурӣ 4 283 нафар (80,3%, талабот 5333 нафар) ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ 7704 (72,2%, талабот 10 667 нафар) нафарро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 110 адад протоколҳои клиникӣ таҳия  ва тасдиқ карда шуданд.

Дар самти танзими фаъолияти хусусии тиббӣ айни ҳол дар мамлакат 702 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (343 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 61 филиал  ва 299  адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд. Дар ин муддат аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ 40 адад дархостҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа вобаста ба вазъи эпидемиологии кишвар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Самариддин Ализода баромад намуд.

Зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бо дарназардошти он, ки дар  як қатор кишварҳои олам  мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст,  таъкид гардид, ки бояд чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ дар кишвар боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Бо ин мақсад ба  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”  супориш дода шуд, ки  ҷиҳати риояи қоидаҳои шахсию ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе,   ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз рафти корҳои анҷомдодаи хеш дар давраи ҳисоботӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, корҳои ободонӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии бемории ВНМО, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,026
  • 1,242
  • 950,046