«Худро аз бемории COVID-19 ҳифз намо!». Таҳти ин унвон кормандони милиса дар Рӯшон амалиёт гузарониданд

«Худро аз бемории COVID-19 ҳифз намо!». Таҳти ин унвон кормандони милиса дар Рӯшон амалиёт гузарониданд
Июл 18
11:03 2020

Бо ибтикори кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон амалиёт таҳти унвони «Худро аз бемории COVID-19» ҳифз намо!» баргузор гардид. Дар доираи ин амалиёт кормандони милиса ба роҳгузарони маркази ноҳия ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим намуда, ба онҳо оид ба хуруҷи мавҷи дуюбораи ин беморӣ дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон маълумот дода, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён эҳтиёткор буданро таъкид намуданд. Дар ин рӯз байни сокинони маркази ноҳияи Рӯшон 1 ҳазору 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, 700 адад маҳлулҳои антисепитикӣ, наздик ба 300 дона дастпӯшакҳои яккарата ройгон тақсим карда шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, баргузоркунандагони амалиёти мазкур   ҳамзамон ба сокинони  ноҳия  зарурати ворид намудани тағъйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳия Ҷӯрахон Зикрёзода изҳор дошт, ки чоруми июли соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Ин чораҳои маҳдудкунанда дар бисёр давлатҳои Аврупо ва Осиё низ ҷорӣ шуданд ва мақсади ягонаашон ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон мебошад.

«Дар ин шабу рӯз ҳар як шаҳрванд бояд нисбат ба саломатии худ, аҳли оила ва ҷомеа ҷиддӣ муносибат намояд. Маҳз таъсири чунин чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ буд, ки аз шиддати паҳншавии ин беморӣ пешгирӣ карда шуд. Дар ноҳияи Рӯшон ҳамагӣ 20 нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки ҳамаашон табобат ёфтанд», — афзуд Ҷӯрахон Зикрёзода.

Сокини ноҳия Холиса Саидхонова гуфт, ки  тибқи тағйиру иловаҳои зикршуда пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамиятӣ ҳатмӣ аст.

«Албатта баргузор кардани чунин ҳамоиш ва тақсими ройгони ниқобу маҳлулҳои зиддисептикӣ, доир кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия амали зарурӣ ва саривақтӣ буда,  дар пешгирии ин бемории сироятӣ таъсири мусбӣ мегузорад», — илова кард номбурда.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 15
  • 1,006
  • 1,242
  • 950,026