Бо мақсади пешгирӣ аз густариши бемории коронавируси нави COVID-19 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони кумитаи ноҳиявии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи мазкур, бо ёрии техникаи махсуси таблиғотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бо намоиш додани наворҳои омӯзишии видеоӣ аҳолиро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва беҳдоштӣ таблиғ намуданд.
“Кормандони Кумиати ҳолатҳои фавқулодда талош карданд одlитарин қоидаҳои риояи бехатарии шахсиро ба сокинон омӯзонанд ва онҳоро ташвиқ кунанд, ки дар хонаву кӯча ва нақлиёт, ҳамчунин дар ҷойи кор ин қоидаҳоро ҷиддан риоя намоянд. Саломатии ҳар инсон қабл аз ҳама дар дасти худи ӯст”,-меафзояд манбаъ.
Баъди ҳар вохӯрӣ ба ширкаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешуданд.