Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории COVID-19 баррасӣ гардид

Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории  COVID-19 баррасӣ гардид
Июл 21
10:30 2020

Имрӯз, 21 июли соли равон дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави КОВИД-19 доир гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мебошад.

Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории  КОВИД -19  то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.

Дар охири ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда, гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,040
  • 1,242
  • 950,060